Муроҷиатномаи сокинони Ванҷ ба Ҳукумати ҶТ
Мо як гурўҳ сокинони ноҳияи Ванҷи ВМКБ зимни ирсоли ин нома таъкид мекунем, ки ҳеч вақт ҷонибдори ҷангу хархаша ва муқовимати низомӣ набудаем ва нестем.
Дар ин нома онҳо навиштаанд, ки ҳама гуна хунрезӣ ва ҷанг боиси бадбахтӣ ва нооромиву суботи сиёсӣ дар Тоҷикистон мешавад: «Аз ҷанг фақат сиёҳӣ, бадӣ ва фоҷиа боқӣ мемонад, оқибати ҳар гуна ҷанг харобкорӣ ва вайронист»
Ҳамзамон, ирсолкунандагони нома бо иншои ин муроҷиатнома қатли генерал Абдулло Назаров, сардори раёсати КДАМ дар ВМКБ-ро қотеъона маҳкум карда, тақозо доранд, ки қазияи мазкур мунсифона ва тибқи қавонини роиҷи додгоҳӣ баррасӣ шавад ва омилони он ба муҷозот шаванд. Инчунин, онҳое ки дар қатлу куштори мардуми бегуноҳ даст доранд, ҳатман бояд дар додгоҳ ҷавоб гӯянд.
-Ба ин манзур хостори берун кашидани неруҳои низомӣ аз Бадахшон ва хатми ҷангу хунрезӣ буда, эътимоди худро ба ҳалли масъала бо шеваи ғайринизомӣ мебинем. Ҳамчунин, мудохилаи низомиро дар ин қазия мо ба нафъи амнияти миллат ва суботи давлат намебинем ва боварӣ дорем, ки Ҳукумати кишвар дахолати низомиро бо муколама ва дипломатияи солим иваз мекунад,-омадааст дар баёния.
25-уми июли соли 2012, ноҳияи Ванҷ. Ҷамъ 230 имзо