- Пештар баъзе аз созмонҳои ҷамъиятӣ манзур намудани манзили барои сохтомони калисо ҷудошударо барои сохтани боғчаҳои бачагона бо далели он ки боғча нисбат ба калисо авлавият дорад, пешниҳод карда буданд. Бо ин вуҷуд, ки норасоии боғчаҳои бачагона мушкилоти ҷиддии имрӯзи шаҳр аст, аммо наметавон аз ҳисоби манъ кардани сохтмони калисоҳо ин мушкилро бартарф кард. Дар ин маврид кор гирифтан аз тадбири «ё боғча, ё калисо» нодуруст аст, гуфтааст масъули маркази хабарии КМР Владимир Легойда.
Дар ҳоле ки Калисои масеҳии Русия (КМР) аз сохтани оҷилии 200 ибодатгоҳи масеҳӣ хабар медиҳад, шаҳрдории Маскав бо баҳонаи ҳамойиши эътирозии мардум сохтмони масҷиди мусулмониро дар минтақаи «Текстилшики»-и ин шаҳр боз дошта, ба ҷояш сохтмони боғчаи бачагонаро шурӯъ кардааст.
Гуфтанист, бо ин вуҷуд, ки бино ба маълумоти Шӯрои муфтиёти Русия дар Маскав ба ғайр аз муҳоҷирини мусулмон беш аз 2 миллион мусулмон ба таври доимӣ ба сар мебаранд, дар ин шаҳр ҳамагӣ 5 масҷиди ҷомеъи мусулмонӣ фаъолият дошта, норасоии ҷойи ибодат дар рӯзҳои ҷумъа ва идайн бараъло эҳсос мешавад.