Бадахшониҳои Амрико низ эътироз доранд. Дар Ню-Йорку Вашингтон
Ҷамъияти бадахшониҳои ИМА тасмим гирифтаанд, ки имрўз даст ба тазоҳурот зананд.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» Акмал Қадамов, донишҷӯи тоҷик, ки дар Амрико таҳсил мекунад, иттилоъ дод. Ба гуфти оқои Қадамов, тазоҳуроти бадахшониҳо ба воқеоте, ки тайи ду рўз охир дар шаҳри Хоруғ ба вуқӯъ пайваст, рабт дорад: «Ҳамватанони мо тасмим доранд дар назди бинои СММ дар Ню-Йорк ва ҳамчунин дар назди Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Вашингтони ИМА даст ба тазоҳурот бизананд». .
Манбаъ афзуд, соати 11-и имрўз гирдаҳамоӣ дар назди бинои СММ доир мешавад ва баъдан тазоҳуроти дигар дар назди Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Вашингтон сурат мегирад.
-Талаби тазоҳуротгарон тақозои қатъи амалиёти низомӣ ва хунрезӣ, ҷангу хушунат, инчунин берун кашидани неруҳои низомӣ аз Хоруғ мебошад,- мегӯяд Акмал Қадамов.
Зимнан, мубтакирони ин тарҳ хостори ҳалли мусолиматомези қазия ва таҳқиқоти воқеии марги асроромези генерал Абдулло Назаров будани худро эълом доштаанд.