Хабарнигори Озодагон илова кард, ки аммо касе аз масъулини сафорат бо мардум гуфтугӯ накард. Ҳамчунин навбатдори сафорат худро муаррифӣ кардан нахост ва аз ташреҳи ин қазия худдорӣ намуда, хоҳиши дертар занг заданро кард ва гӯширо осемасар партофт.
Тазоҳургарон бо ин вуҷуд, ки оромона талаботи пулисро итоат карданд, тасмим гирифтанд, ки бо иҷозаи расмӣ дар фурсати наздиктарин тазоҳуроти тозаеро роҳандозӣ хоҳанд кард.
Яке аз ширкаткунандагони ин таҷаммӯъ ки худро Шоҳқадам муаррифӣ кард, ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, мо аллакай як бор заҳри чунин гунаҳкоркуниро чашидем. Дар ҷанги гражданӣ ҳама помириҳоро гунаҳкор мекунанд, ки барои мо ҳамин бас аст. Мо намехоҳем, ки бори дигар моро гунаҳкор кунанд. Ин кори худи марказ аст, мехоҳад моро боз сиёҳ кунад. Ин правокатсия аст”.
Тазоҳуроти орому осоишта бошад ба оҳистагӣ пароканда шуд.