Ин расона мегнависад, теъдоди кушташудагон ва захмиёни гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ маълум нест. Аз талафот миёни аҳолии осоишта иттилое рӯйи даст нест. Ҳоло ҳам дар шаҳр садои тир шунида мешавад.Бозори марказӣ, мағозаҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ кор намекунанд. Роҳ ба сӯи Хоруғ баста ва ворид шудан ба он ҳанӯз ҳам ғайриимкон аст.
Маврид ба ёдоварист, рӯзи 21-уми июл аснои бозгашт аз сафари хизматӣ аз ноҳияи Ишкошим дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ генерал-майор Назаров Абдулло Саъдуллоевич , сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бар асари ҳамлаи ногаҳонии гурўҳи муташаккили ҷиноӣ, ки ба қочоқи тамоку даст доштаанд, ба ҳалокат расид.
Баъдан изҳороти расмии ВКД ва КДАМ-и Тоҷикистон ба нашр расид, ки ҷинояти мазкур аз ҷониби аъзои дастаи мусаллаҳи Толиб Айёмбеков, сардори қитъаи сарҳадии Ишкошим содир гардидааст.