Соли равон аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷумҳуриявӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 15,5 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ворид гардидааст.
Наҷмиддин Анваров, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зимни як нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар маблағи умумии воридгардида ба буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳисоби хусусигардонӣ ва иҷора 5,25 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гуашта 790 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ба қавли номбурда, дар 6 моҳаи аввали ҳамин сол дар доираи маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузорӣ азхудкунии маблағҳо ба 76,6 миллион доллар расидааст.
Ҳамзамон, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ қайд намуд, ки маблағузорони асосии лоиҳаҳои сармоягузории татбиқшаванда ҳукумати Тоҷикистон, Бонки рушди Осиё, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва ҷумҳурии халқии Хитой мебошанд.