Н.Давлатов: «Барқи тоҷик» калонтарин қарздор аз андоз аст
Раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди нисбатан беҳтар шудани андозсупории ширкати «Барқи тоҷик» ин корхона ҳамоно калонтарин қарздор аз андоз дар Тоҷикистон аст.
Давлатов ба ҳолати аввали моҳи ҷорӣ ҳаҷми қарзи «Барқи тоҷик» ро аз андоз 379 миллион сомонӣ гуфт, ки нисбати аввали соли ҷорӣ 69 миллион сомонӣ зиёд шудаст.
Дар маҷмӯъ раиси Кумитаи андоз таъкид кард, ки раванди андозсупории ширкат беҳтар шудаст:«Имсол ба ҳисоби миёна моҳе 13,4 миллион сомонӣ андоз супорид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 маротиба зиёдтар аст».
Аз ҷумлаи қарздорони калони дигар, масъулини андоз нерӯгоҳи «Сангтӯда -1» - ро номбар намуданд, ки дар назди буҷет 46 миллион сомонӣ қарздор аст.
Дар маҷмӯъ Давлатов мегӯяд ҳаҷми қарздорӣ аз андоз ба ҳолати аввали моҳи ҷорӣ 602,2 миллион сомониро ташкил додаст, ки дар муқоиса бо оғози сол 70,4 миллион сомонӣ зиёд шудаст.