2011-05-05 10:14
Як ҷойи аввал ва мақоми ифтихории сеюм насиби варзишгарони тоҷик гардид. Боксчиёни мо, ки дар мусобиқоти
байналмилалии муштзанҳо дар шаҳри Атираи Қазоқистон ширкат доштанд, бо чунин натиҷа ба ватан баргаштанд. Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба «Озодагон» хабар доданд, ки чемпионати мазкур ба хотири ёдбуди қаҳрамонони Қазоқистон Исатой Гайматов ва Макамбет Утемизов сурат гирифта, тими мунтахаби Тоҷикистонро Сафовуддин Юсуфӣ (вазни то 52 кг), Баҳодур Каримов(вазни то 61 кг) ва Ораз Авзалшоев намояндагӣ карданд.Сафовуддин барандаи нишони тилло ва Баҳодур бо медали биринҷиии мусобиқот сарфароз гардиданд.Маврид ба ёдоварист, дар чемпионати Атира оид ба муштзанӣ варзишгарони шаш кишвар- Русия, Қазоқистон, Муғулистон, Укроин ва Ӯзбакистону Тоҷикистон ширкат доштанд.