Меҳмони навбатии Хабаргузории Озодагон Давлатов Нусратулло Муқимович, райиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Муаррифӣ: Нусратулло Давлатов соли 1962 дар ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) ба дунё омада, хатмкардаи факултаи иқтисодии ДМТ (1982) аст. Соли 2006 Академияи хизмати давлатии назди президенти Русияро ба итмом расонид.
Фаъолияти меҳнатиро ба симмати ревизор-назоратчии шӯъбаи молияи ҳукумати ноҳия оғоз намуда, то соли 2006 дар вазифаҳои гуногун дар минтақаи Кӯлобу шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд кор кардааст.
Соли 2006 муовини аввали райис, соли 2009 бошад, ба вазифаи райиси Кумитаи андози назди ҲҶТ таъин гардида, то ин замон фаъолият дорад.
Хонандагони азиз ва муштариёни гиромӣ! Агар дар мавриди андозу андозситонӣ, мушкилотҳои марбут ба он, муносибати кормандони ин мақомот саволу дархост дошта бошед, онро бевосита ба раҳбари ин ниҳод ирсол намоед. Нусратулло Давлатов омодааст, ки дар ҳамин ҷо, дар бахши «Рӯ ба рӯ» ба дилхоҳ пурсиши Шумо посух бигӯяд.