Фестивали рақси кӯдакон дар АНМН
«Мо рақсро интихоб кардем. Фарзандони Шумо чӣ?». Таҳти ҳамин унвон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ҷашнвораи рақси кӯдакона сурат пазируфт.
Тавре ба Озодагон аз агентии мазкур хабар доданд, фестивал дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ва дастгирии Сафорати Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон созмон ёфтааст. Бино ба иттилои манбаъ, дар чорабинӣ сафири Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасон»-и шаҳри Душанбе ва дигар намояндагони мақомоти дахлдори кишвар ширкат доштанд.
Ҳадафи аслии баргузории ҷашнвораи мазкурро сарчашмаи хабар, ҷилавгирӣ аз амалҳои номатлуб ва зиндагии шоистаро интихоб кардани наврасону кӯдакон маънидод кард. Гурӯҳҳои рақсии кӯдаконаи «Лаъл», «Лола», «Ситора», «Ғунчаҳои пойтахт», «Машъал» аз меҳмонҳои ифтиҳории фестивал буданд, к ибо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.