Зимнан, дар анҷоми мулоқот раиси МН МО ба донишҷўёни тоҷик ёрии моддӣ ва тўҳфаҳои хотиравӣ супурдааст. Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Корея бо Ким Янг Хван, сарвари ҷамъияти дўстии парлумони ин кишвар мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо бештар масоили тақвияти равобит ва ҳамкории дуҷонибаи парлумониро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Зуҳуров гуфтааст, ки муносибат ва равобити байнипарлумонии ду кишвар бояд ба марҳилаи нав гузашта, барои амалӣ гардидани ин раванд парлумонҳои Тоҷикистон ва Корея бояд талош варзанд.
Тибқи иттилои манбаъ, Шукурҷон Зуҳуров аз сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон ёд оварда гуфтааст, ки ширкатҳои Корея метавонанд дар ин маврид бо ҳамтоёни тоҷик ҳамкориашонро ба роҳ бимонанд. Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ нақши калидӣ дошта, ҳамчунин аз канданиҳои зеризаминӣ бой аст.
Ким Янг Хван низ дар навбати худ гуфтааст, ки ҷониби Корея барои густариш ёфтани ҳамкории парлумонҳо тамоми чораҳоро хоҳад андешид. Шукурҷон Зуҳуров аз сатҳи ҳамкории имрўза нигаронӣ намуда гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир танҳо як созишномаи миёни кишварҳо амал дорад. Барои боз ҳам беҳтар намудани ҳамкорӣ лозим аст, то асноди лозима дар сатҳи парлумонӣ, ҳукумат ва вазоратҳо ба тасвиб бирасад. Гуфта мешавад, дар ин сафар Шукурҷон Зуҳуровро вакилон Махфират Хидирова, Баракатулло Атохоҷа ва Шарофиддин Сироҷов ҳамроҳӣ мекунанд.{jathumbnail off}