«Гулдаста»-и олимпичиёни тоҷик ба Исмоили Сомонӣ
Варзишгарони тоҷик, ки роҳхати бозиҳои олимпии имсоларо ба Лондон ба даст овардаанд, субҳи имрӯз (17-уми июл) дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ба пояи ҳайкали Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.
Маврид ба тазаккур аст, ки ба ҳайати тими олимпии Тоҷикистон 16 варзишгар дохиланд, ки дар 7 намуди варзиш ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов, Собирҷон Назаров ва Мавзуна Чориева, дар риштаи муштзанӣ, Юсуф Абдусаломов, Искандари Рустам, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев, гӯштини тарзи озод, Дилшод Назарови гурзандоз ва даванда Владислава Овчаренко, варзиши сабук, Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, дар навъи гӯштини дзюдо Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов, таэквандо, Катерина Измайлова дар шиноварӣ ва Сергей Бабиков дар риштаи тирандозӣ қувва меозмоянд. Юсуф Абдусаломов, Расул Боқиев , Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов, Дилшод Назаров ва Катерина Измайлова қаблан ҳам дар Олимпиадаи соли 2008-ум дар Пекин иштирок карда буданд.
Дар Бозиҳои XXX-юми тобистонаи олимпӣ, ки аз 27-уми июл то 12-уми августи соли равон дар Лондон баргузор мешавад, беш аз 12 ҳазор варзишгари беш аз 200 кишвар ширкат хоҳанд кард. Онҳо барои 302 маҷмӯи медалҳо дар 31 навъи варзиш рақобат мекунанд.