Дипломати англис сармоягузориро ба Тоҷикистон шарҳ дод
Робин Орд-Смит, Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон мегӯяд, барои кишвараш сармоягузорӣ ба бозори забономӯзии Тоҷикистон ва соҳаи маориф манфиатовартар хоҳад буд.
Ба гуфтаи Смит сармоягузории бритонӣ дар баробари забономӯзӣ ба бахшҳои хизматрасонию соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон имкони густариш дорад. Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон мегӯяд ҷалби сармоягузорӣ ба Тоҷикистон аз чанд омил вобаста аст: «Дилхоҳ ширкати сармоягузор, сарфи назар бритониёгӣ аст, ё дигар муҳити соҳибкориро меомӯзад. Дар кадом кишвар, дар кадом вақт ва дар дар кадом ҳаҷм имкони гирифтани фоида аз сармоягузорӣ аст. Дар мавриди Тоҷикистону имкониятҳои сармоягузорӣ ба ин кишвар бисёри ширкатҳо иттилоъ надоранд. Ин кор барои ҳукумати Тоҷикистон ва сафорати Британияи Кабир аст, ки бояд бештар Тоҷикистонро дар доираҳои соҳибкории хориҷа муаррифӣ намоем».
Сафири Британияи Кабир таъкид намуд, ки бешубҳа бозори забономӯзии Тоҷикистон ва соҳаи маориф барои сармоягузорони кишвараш ҷолиб хоҳад буд, чун таваҷҷӯҳи мардум ба омӯхтани забони англисӣ рӯзафзун аст.