15 низомӣ дар Кӯлоб муҷозот шуданд. Ҷустуҷӯи фирориён идома дорад
Прокуратураи ҳарбии гарнизони Кӯлоб 5 фирории даъватшударо, ки ба қисми ҳарбӣ бояд интиқол мешуданд, мавриди ҷустуҷӯ қарор додааст.
Бино ба иттилои Икром Зоиров, прокурори ҳарбии гарнизони Кӯлоб, моҳи майи имсол ҳангоми сафарбарии даъватшавандагон ба қисми ҳарбии дар вилояти Бадахшон буда, 8 нафар аз даъватшудагон, дар вақти исти нақлиёт дар пули вайроншуда дар ноҳияи Шӯрообод, фирор кардаанд. Танҳо баъди як рӯзи фирор 1 фирорӣ боздошт гардида, баъди 4 рӯзи дигар 2 каси дигар ихтиёрӣ ба прокуратура омадаанд. Буду боши 5 гурезаи ҳарбии дигар ҳанӯз номаълум боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи прокурори ҳарбӣ, агар даъватшудагон рӯзҳои наздик аз худ дарак надиҳанд, нисбати эшон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ҳар кадомеро мӯҳлати аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад: «Дар ин бора кормандони прокуратура бо наздикони ин фирориён дар вохурӣ буданд ва аз ҳолати пешомада хабардор кардаанд. Ҳамаи фирориён истиқоматкунандагони навоҳии тобеи маркази ҷумҳурӣ мебошанд».
Дар ҳамин ҳол, дар прокуратураи ҳарбии гарнизони Кӯлоб дар 6 моҳи соли ҷорӣ 21 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, нисбат ба 29 нафар аз хизматчиёни ҳарбӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Аз ҳамин шумора, 15 парванда ба суд ирсол ёфта, 15 нафари эшон муҷозот гаштаанд.