Нархи об дар Тоҷикистон боз ҳам боло меравад
Ҳукумати Тоҷикистон сар аз моҳи феврал ваколати таъмини мардуми навоҳии Тоҷикистонро бо оби нўшокӣ ба ўҳдаи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» гузоштааст.
Масъулини «ХМК» бошанд, дар ин росто доранд, нархи обро ду маротиба боло баранд.
Онҳо нархи як метри мукааби обро барои мардуми навоҳии кишвар айни ҳол 60 дирам гуфта, таъкид мекунанд, ки аз ҳар метри мукааб наздики 1,2 сомонӣ зарар дида истодаанд.
Алимурод Тағоймуродов, мудири кулли КВД «ХМК» мегўяд арзиши аслии расондани як метри мукааби об то истеъмолкунандагон айни ҳол дар кишвар 2 сомонию 02 дирам аст: «Аммо аз сабаби қобилияти пасти пардохтпазирии мардуму корхонаҳои кишвар мо айни ҳол бар зарар-ба ивази 60 дирам об дода истодаем. Ҳамаи қарздориҳо ҳам аз барқу андозу дигар ҳам аз ҳамин сабаб аст. Мо ният дорем нархи обро 1 сомонию 20 дирам кунем, то имкониятҳоямон васеъ шаваду соҳа то дараҷае худкифо гардад».
КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» масъалаи об ва тамоми хизматрасониҳои манзилию коммуналиро дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба ғайр аз Душанбею Хуҷанд дар ихтиёр дорад.