Кумитаи ТВ ва радио бо «Медиа-холдинги Тоҷикистон» гуфтугӯ дошт
Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия як студияи вижае таъсис диҳанд, то аз ҳаёти ҳамарӯзаи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар хабару барномаҳо пешкаш намоянд.
Асадулло Раҳмонов, раиси кумитаи мазкур дар посух ба пурсиши хабарнигори Озодагон, ки чаро инъикоси мавзӯи муҳоҷират дар телевизионҳои Тоҷикистон ба назар намерасад, гуфт: «Як нуқтаи хабарнигорие, ки дар Маскав доранд моҳе ду барномаи 30 дақиқагӣ аз ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони тоҷик пешниҳод мекунад ва дар оянда кӯшиш мекунанд ин нуқтаи хабарнигорӣ дар Русия фаъолияташаро дар ин самт густурдатар ба роҳ бимонад.Фикри шумо дуруст, аст, ки айни ҳол инъикоси ҳаёти муҳоҷирон дар телевизион кам аст. Дар ҳоли ҳозир мо наметавонем, ҳаёти ҳамаи муҳоҷиронро, ки дар Русия кору фаъолият доранд, фаро бигирем».
Номбурда ба таври густурда инъикос нагадидани масъалаи муҳоҷиратро дар телевизионҳои Тоҷикистон тасдиқ кард ва илова намуд, ки дар робита ба ин масъала гуфтугӯе доштем, бо Муҳаммади Эгамзод, роҳбари «Медиа-холдинги Тоҷикистон», ки дар бинои меҳмонхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав як толорро ба иҷора гирифтаанд. -Он ҷо студияе ташкил хоҳад ёфт, ки аз ҳамон ҷо барномаҳоро вобаста ба ҳаёти муҳоҷирон сабт намуда, ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд,-гуфт Асадулло Раҳмонов.