«Регар-ТадАЗ» пешсафи даври аввал
Шаш дастаи Лигаи олӣ бозиҳои давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистонро ба анҷом расониданд. Бозиҳои дигари мавқуфмонда идома дорад.
Се бозии мавқуфгузоштаи даври 9-уми мусобиқа дирӯз, 11-уми июл баргузор шуд. Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ аз тими «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Тими «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар варзишгоҳи худ дастаи «Энергетик»-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Хайр»-и Ваҳдат дар Душанбе вориди рақобат шуданд. Бози мусовӣ- 0:0 анҷом ёфт.
«Регар-ТадАЗ», «Истиқлол», «Хуҷанд», «Истаравшан», «Ҳосилот» ва «Зарафшон» бозиҳои давраи аввали мусобиқотро ба анҷом расониданд. Тими «Регар-ТадАЗ» бо 32 имтиёз ғолиби давраи аввал гардид. «Равшан» 28 хол ба даст овард ва новобаста аз натиҷаи бозии мавқуфмондааш бо «Вахш» (21-уми июл дар шаҳри Қӯрғонтеппа) дар давраи аввал ҷойи дуюмро соҳиб шуд. «Истиқлол» бо 26 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад.
Дилшод Восиев аз дастаи «Истиқлол» бо 10 гол дар садри нишонзанҳои беҳтарин қарор дорад. Асадулло Бобоҷонов аз тими «Парвоз» бо 9 гол мақоми дуюмро касб кардааст. Габриэл Донто аз дастаи «Энергетик» ва Мансур Ҳакимов аз «Парвоз» 8 голӣ задаанд.
Ҳамин тариқ 17-уми июл, бозии даври 10-ум миёни дастаҳои «Хайр» - «Вахш» ва
бозии даври 11-ум миёни ССКА «Помир» - «Энергетик» баргузор мегардад.
21-уми июл бозии даври 11-ум миёни дастаҳои «Вахш» - «Равшан», бозии даври 12-ум
байни «Гвардия» - ССКА «Помир», 25-уми июл бошад, бозии даври 12-ум миёни
«Энергетик» - «Вахш», бозии даври 13-ум байни ССКА «Помир» - «Парвоз», 28-уми июл,
бозии даври 13-ум миёни дастаҳо «Вахш» - «Гвардия» баргузор хоҳад шуд.
Оғози ҳамаи бозиҳо соати 17:30.