Оташ задани манзили истиқоматии «собиқ» ҳамсар дар шимоли кишвар
Як бону дар вилояти Суғд даст ба қонуншиканӣ зад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии РКД-и вилояти Суғд, аз ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Истаравшан муайян карда шуд, ки Маъмурова Манзураи 41-сола, сокини деҳаи Вогат, ба хонаи истиқоматии собиқ шавҳараш Ғиёсов Баҳриддин (соли тавалудаш 1970) рафта, бо мақсади қасдан несту нобуд кардани амволи ӯ манзилашро оташ задааст.
Манбаъ афзуд, зарари расонидашуда 10. 000 сомониро ташкил медиҳад ва алъон аз ҷониби кормандони милитсия Манзура Маъмурова бо гумони қасдан несту нобуд кардани амволи ғайр дастгир шуда таҳти тафтиш қарор дорад.