Асадро барканор кунед, аммо сохторҳои Сурияро аз байн набаред
Вазири мудофиаи Исроил дар посух ба ин савол, ки дидгоҳаш дар бораи мудохила дар Сурия чист, дар ин бора иброз доштааст.
Ба навиштаи хабаргузории Форс ба такя ба нашрияи «Тайм» Яҳуд Борак гуфтааст, табиист ки ман фикр мекунам, ки бояд коре кард; аввал аз ҳама дархостҳое, ки матраҳ мешавад бояд возеҳтар ва ҷасуронатар ва баргаштнопазир бошад; Асад бояд бидонад, ки агар ба кораш идома даҳад, сару кораш ба Лоҳа(Гаага) хатм мекашад; ман бар ин боварам, ки ҳушдорҳо бояд возеҳтар баён шаванд ва фурсати бурунрафт аз буҳрони Сурия бояд сареътар фароҳам шавад; ман бар ин боварам, ки шумо метавонед ҳамчунон коре кунед, ки ба таври мусаллам Асадро барканор кунед ва ин дар ҳоле бошад, ки сохторҳои аслии Сурия ҳифз шаванд ва иштибоҳоте, ки дар Ироқ сурат гирифтанд, дар Сурия такрор нашаванд; ниёзе нест, ки неруҳои мусаллаҳи Сурияро дар кул аз байн бурд ва ё инки мухобиротҳои итилоъотии ин кишварро нобуд кард.
Борак дар идомаи иддаоҳои зидди сурии худ афзуд: ман фикр мекунам, ки дар ин робита бо иқдомоти башардӯстона ва ҳидоятӣ, шаклдиҳӣ ва нуфузии зӯргуёна дар Сурия, корҳои бештаре то ба имрӯз амалӣ кард; ончи як зарурат аст, ҳамкорӣ ва эътимод миёни мӯҳраҳои аслии аст, ки одат ба эътимод ба якдигар надоранд; иттиҳодияи араб бояд дар ҳалли бӯҳрони Сурия нақш дошта бошад; ин иттиҳодия рӯз ба рӯз пурҷуръаттар мешавад ва ин амр аҳамият дорад; ин иттиҳодия ба мардуми Сурия мегӯяд, ки Асад наметавонад қудрати худро эҳё кунад; Асад ҳақиқатан қонунмандии худро аз даст додааст.