Пирӯзии 4 варзишгари тоҷик дар Бишкек
Варзишгарони тоҷик аз чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор гардид, бо як медали нуқра ва се нишони биринҷӣ баргаштанд.
Тибқи иттилои Муродалӣ Тешаев, сухангӯӣ Кумитаи миллии олимпии кишвар ин сабқат рӯзҳои 8-9-уми июл доир гардида дар ин мусобиқа паҳлавонони 14 кишвари Осиё ширкат варзиданд. Ба як нафар намояндаи Тоҷикистон муяссар гардид, то медали нуқраи ин сабқатро ба даст орад ва се нафари дигар нишони биринҷиро сазовар гардиданд.
Бино ба қавли манбаъ, барандаи нишони нуқра дар вазни 76 кило Фаррух Шарифов гардид. Зафар Идрисов дар вазни 54 кило, Ҳаёт Раҳимов дар вазни 63 кило, Инъом Инъомов дар вазни 69 кило ҳар се соҳиби нишони биринҷӣ гардиданд. Ҳайати тими кишварро мураббӣ Насим Давлатов роҳбарӣ мекард.
Номбурда афзуд, ки аз 21 то 26-уми август варзишгаронро дар ин намуди олимпӣ Чемпионати ҷаҳон интизор аст.
Ёдовар мешаев, ки дар намуди гӯштини тарзи озод чаҳор паҳлавони тоҷик барандаи роҳхати Бозиҳои олимпии Лондон- 2012 маҳсуб мешаванд, ки айни ҳол онҳо тамринҳои хешро дар ин сабқат пурзӯр мекунанд.