Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо райиси ММ-и Озарбойҷон
Шоми дирӯз (11-07-2012) президенти Тоҷикистон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Боку парвоз кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ҳайдар Алиеви пойтахти Озарбойҷон Эмомалӣ Раҳмонро муовини аввали нахуствазири он кишвар Яъқуб Аюбов ва дигар шахсони расмӣистиқбол гирифтанд. Баъд аз расми қабул, Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси Миллии (Парлумони) Озарбойҷон Октай Асадов мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба роҳҳои густариши робитаҳои миёни ду кишвари дӯст, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон рушди муносиботи шарикӣ бо Озарбойҷонро аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон номид ва таъкид дошт, ки наздикии мавқеъҳои ду кишвар доир ба масоили мубрами ҷаҳони муосир заминаи мусоиди густариши робитаҳо мебошад.