Боздошти 14 «барига» дар Кӯлоб. Аз ҷумла Сафар-чулоқ ҳам
Ҳафтаи гузашта кормандони милисаи шаҳри Кӯлоб Сафар Назаровро, ки бо тахаллуси «Сафар-чулоқ» маъруф аст, дасгир намуданд.
Номбурда бо ҷурми нигоҳ доштан ва фурӯши маводи мухаддир боздошт гардида, нисбати ӯ бо моддаи 200, қисми 1 (фурӯши маводи нашъадор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд. Ҳамзамон, як шаҳрванди дигар бо исми Ёраҳмад, низ дар манзили Сафар-чулоқ, ҳангоми истеъмоли маводи нашъадор боздошт гарида, бо моддаи 201-и кодекси ҷиноятии ҶТ муттаҳам дониста мешавад
Ҷумахон Назаров, сардори тозатайини шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб ба хабарнигори маҳаллии Озодагон гуфт, аз аввали сол инҷониб кормандони милиса 25 ҳолати фурӯши маводи мухаддир ва истеъмоли онро аз ҷониби сокинон ошкор намуда, дар ин маврид 13 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 26 нафар ба анҷом расонида, ба суд ирсол намуданд. Дар миёни боздоштшудагон бо ин ҷурм як бону низ ҳаст.
Назаров мегӯяд: «Баригаҳо хонаро ба иҷора гирифта, баъдан он ҷоро «притон» намуда, ҷавононро барои истеъмоли маводи мухаддир ҷалб мекарданд. Ҳанӯз моҳи ноябри соли 2011-ум, замони ба вазифаи сардори ШКД таъин гаштан, корро аз тоза намудани шаҳр аз нашъамандон оғоз намудуем. Дар ин самт, дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ, беш аз 10 «притон» ва беш аз 10 қочокчӣ (барига) дастгир шуд. Тайи ин муддат 13 килову 200 грамм маводи гуногуни нашъадор ёфт ва мусодира кардем»
Дар ҳамин ҳол, шумораи нашъамандон ва маргу мири ин афрод дар шаҳри Кӯлоб дар қиёс ба як соли пеш коҳиш ёфтааст. Соли 2011-ум бар асари нашъамандӣ ва истифодаи зиёди ҳероин, ё ба истилоҳ «передозировка» 12 кас ба ҳалокат расида буд. Дар нимсолаи имсол бошад, ин рақам ба 3 нафар баробар аст..