Ҳодисаи худкушӣ дар шимоли кишвар зиёд мешавад. Чаро?
Тавре ба хабарнигори Озодагон дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар нимсолаи авали соли 2012 дар ҳудуди шаҳру навоҳии вилояти Суғд 159 ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, ин нишондиҳанда ба 38 ҳолат нисбати ҳамин давраи соли 2011 зиёдтар аст. Байни даст ба худкушӣ задагон дар ҳамин давра 87 мард ва 10 писари ноболиғ, 72 зан ва 14 духтараки ноболиғ буданд.