200 миллион афзудани теъдоди камбизоату нодорҳо
Тибқи иттилои Барномаи озуқа ва кишоварзии СММ тайи солҳои бӯҳронӣ, ки ахиран ҷаҳонро фаро гирифта буданд, шумораи гуруснагон боз 200 миллион нафари дигар бештар шуд.
Гуфта мешавад, айни ҳол дар ҷаҳон бештар аз 2 миллиард нафар аз 50 то 70 фоизи даромадашонро барои озуқа сарф мекунанд.
Ҷиҳати ҳалли мушкили камбуди озуқа дар ҷаҳон таҳлилгарони Барномаи озуқа ва кишоварзии СММ барои ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон зарур медонанд, ки дастгирии хоҷагиҳои хурди кишоварзиро бештар намоянд. Дар шароити рушди рӯзафзуни шумораи аҳолӣ дар ҷаҳон саҳми хоҷагиҳои хурд дар ҳалли камбуди ѓизо метавонад бузург бошад. Камбудии корпоратсияҳои калони кишоварзиро масъулини ФАО дар он медонанд, ки дар сурати таъмин нагардидани ҳосилнокии хуб бозори озуқаро даррав камбуди мол фаро мегирад, ки якбора ҷаҳиши нархҳоро ба бор меорад.
Дар Тоҷикистон баъди гузаштан аз сохтори коллективӣ аз колхозу совхозҳои калон ба хоҷагиҳои хурд мушкили бахши кишоварзӣ пурра ҳал нашудаст. Барои давлат зарур арзёбӣ мегардад, ки шароитро барои дастрасии васеи деҳқонон ба техника, тухмӣ ва нерӯҳои минералӣ таъмин намояд.