Боздошт ва ҳабси “далла”-ҳо дар Хуҷанд
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 10-уми июл ду зани суғдиро ба қочоқи як гурӯҳ занони тоҷик барои танфурӯшӣ ба Дубай гунаҳкор донист.
Ин ду бону мутаносибан барои 5 ва 6 сол аз озодӣ маҳрум гардида, равонаи зиндон шуданд. Аммо додгоҳ ҳабси яке аз маҳкумшудаҳо, зани танҳои 30-соларо бинобар се кӯдаки хурдсоли ноболиғ доштанаш,ки синнашон аз 5 то 8 сола аст, то 10 рӯз, яъне то замони нерӯи қонунӣ гирифтани ҳукми додгоҳ мавқуф гузошт.
Шӯҳрат Аҳроров додраси додгоҳи Хуҷанд ва раиси муҳокимаи парвандаи ин афрод ба хабарнигори Озодагон гуфт: ”Додгоҳ зани 33-сола аз ноҳия Зафарободро ба мутобиқи бандҳои «ҷалби одамон барои қочоқ», «қаллобӣ», «қасди содири ҷиноят» ва дуюмиро, ки соҳиби се кӯдак аст, танҳо аз рӯи банди «ҷалби одамон барои қочоқ» - и асноди ҷиноии Тоҷикистон айбдор донист ва ба 6 ва 5 -солӣ аз озодӣ махруи намуд. Хукм алҳол қувваи қонунӣ пайдо накардааст ва маҳкумшудагон метавонанд дар мӯҳлати 10-шабонарӯз аз ҳукми додгоҳ шикоят баранд.