Ду рӯз қабл аз ин забҳи мурғ ва фурӯши гӯшти он дар ноҳияи Мӯъминобод оғоз шуд.
Тавре ба хабарнигори маҳаллии Озодагон аз корхонаи мурғпарварии минтақа иттилоъ доданд, дар навбати аввал 11 ҳазор сар мурғи фарбеҳи гуштӣ, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони эронӣ парво шудаанд, ба фурӯш бароварда мешаванд.
Аббос, як масъули эронитабори фабрика мегӯяд, вазни ҳар сар мурғи зинда аз 2 то 2,5 килограммро ташкил медихад. Паррандапарварон ният доранд, дар навбати аввал зиёда аз 25 тона гӯшт истеҳсол карда ба фурӯш бароранд. Барои навбати дигар аллакай 13 ҳазор дона тухм барои ҷӯҷабарорӣ дар дастгоҳи инкубаторӣ хобонда шудааст.
Гуфтанист, корхонаи паррандапарварии Мӯъминобод замоне дар қаламрави собиқ ИҶШС шӯҳрат дошт ва баъди барҳам хӯрдани шӯравӣ солҳои зиёд бекор меистод. Бо ташаббуси собиқ раиси ноҳия- Сафаралӣ Зокиров ва дастгирии як соҳибкори маҳаллӣ тайи як муддати кӯтоҳ корхона барқарор ва ба истеҳсоли гӯшти парҳезӣ оғоз кард.