Бадахшон: «Ҳифз-2012» бо тирпаронии ҷангӣ ҷамъбаст гардид
Тамриноти мудофиаи ҳудудӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикӣ комиссарони ҳарбӣ ва ҳайати шахсии ҷузу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони ҳарбӣ ҷалб гардида, яроқу аслиҳаи мухталифи оташфишон, чархболҳои ҳарбиву нақлиётӣ, техникаҳои зиреҳпуши ҷангӣ ва тӯпҳо истифода гардиданд.
Аз вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки дар даври ниҳоии машқҳои муштараки низомӣ Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиаи ҶТ, раиси вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Қодири Қосим, роҳбарони чанде аз мақомотҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иштирок намуда, ба маҳорату малакаи ҷангии ҷузъу томҳои дар машқҳо ширкаткунанда баҳои баланд доданд.
Манбаъ афзуд, ҳадаф аз баргузории маҷмӯи машқҳои амалиёти тактикӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ дар Бадахшон, мусоидат ба сайқали таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагони машқҳо дар ташкили амалиёти бомуваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии мамлакат дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти дастаҳои амалиёӣ – тактикӣ, вусъат додани қӯшунҳои гарнизони Хоруғ, коркарди хусусияти баланди маънавӣ – ҷангӣ, устувории рӯҳӣ, қобилияти ҷисмонӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, сафарбарии қушун ва омодагии доимии ҷузъу томҳои низомиро дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангӣ дар шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ дар бар мегирифт.