Тоҷири бозори «Деҳқон» бо корд захмӣ шуд
Шахси номаълум дар кӯчаи Нахимови пойтахт як савдогари бозори мазкурро бо корд захмӣ кардааст.
Дар ин бора ба Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд. Гуфта мешавад, Далер Қурбонов, ки дар бозори «Деҳқон» ба тиҷорат машғул буд, санаи 8-уми июл, соати 19-20 дақиқаи бегоҳӣ дар кӯчаи Нахимов, дар назди бинои №64/7 аз сӯи шахси номаълум лату кӯб мегардад. Ин ҷинояткор баъдан савдогарро дашномҳои қабеҳ дода, ба шикамаш бо корд мезанад.
Манбаъ афзуд, дар пайи баргузории як амалиёти вижаи кормандони милиса Анушервон Темурови 23-сола, сокини кӯчаи Фирдавсӣ бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят боздошт гардид.
Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.