Созишномаи сеҷонибаи се сохтор дар Тоҷикистон
Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вазорати маориф ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ санади ҳусни тафоҳум оид ба омӯзиши касбӣ аз рӯи ихтисоси пешхидмат бо донистани забонҳои англисӣ, арабӣ ва русӣ ҷалб намудани шаҳрвандони кишварро тасдиқ гардид.
Маврид ба ёдоварист, зимни ироаи паёми имсолааш райисҷумҳур ба ҳар ду палатаи парлумони кишвар масъалаи рушди касбии захираҳои меҳнатӣ барои Тоҷикистонро афзалияти муҳим ва муосир арзёбӣ кард. Дар ҳамин замина, соли равон 2 созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо Вазорати маориф ва Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати татбиқи ин супориш ба тасвиб расид.Созишномаҳои мазкур ҳама паҳлӯҳои ҳамкориро дар самти ба тайёрии касбӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бекор, корҷуён ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар муассисаҳои таълимии касбии системаи се сохтори давлатӣ дар бар гирифта, имконият фароҳам меоранд, ки теъдод ва сифати таълими касбии захираҳои меҳнатӣ дар ҷумҳурӣ таъмин карда шавад.
Хамзамон, дар Тоҷикистон фаъолияти таълими касбӣ тавассути ташкили курсҳои кӯтоҳмӯҳлати касбомӯзӣ амалӣ гардида истодааст. Тайи ним соли соли равон аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ, муассисаҳои таълими касбии он дар ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту идораҳо 32. 289 нафар шаҳрвандони бекор, корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ фаро гирифта шуданд.