Ошхонаи офтобӣ. Made in Tajikistan
Мутахассисони Маркази омӯзиш ва татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи АИ 5 ошхонаи офтобиро сохтаанд, ки айни ҳол 4-тои он дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ мавриди истифода қарор доранд.
Қурбонҷон Кабутов, сардори Марказ мегӯяд ин тафдонҳо ё ба истилоҳ «ошхонаҳо» чор панели офтобӣ доранд, ки дар сурати истифодаи танҳо яктояш ҳарорати даруни он дар муддати камтар аз як соат то ба 130 градус мерасад: «Агар ҳамаи чор панели онро кушоянд, тезтар гарм мекунад. Ҳаҷми тафдони офтобӣ - бар, баландӣ ва дарозиаш ба 50 сантиметрӣ баробар ҳастанд».
Кабутов арзиши 1 чунин тафдонро ҳудуди 250-300 доллари амрикоӣ арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки дар сурати роҳандозии истеҳсоли даврӣ, нархи он аз 100 доллари амрикоӣ ҳам поёнтар хоҳад рафт.