Дипломати амрикоӣ аз фаъолияти сесолааш дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ кард
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷумҳурӣ Кен Гроссро бинобар анҷом ёфтани мӯҳлати фаъолияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти сесолаи Кен Гросс дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки ӯ дар раванди рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Амрико нақши намоён дошт.
Кен Гросс дар навбати худ нақши Тоҷикистонро дар минтақа муҳим номида, изҳори боварӣ намуд, ки нақшаю барномаҳои кунунӣ ва ояндаи ҳамкории Амрико бо Тоҷикистон самараҳои боз ҳам бештар хоҳанд дошт. Дипломати амрикоӣ, ҳамчунин аз меҳмоннавозӣ ва фарҳанги баланди мардуми Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор намуд, ки ӯ минбаъд низ барои рушди муносиботи судовари Амрико бо Тоҷикистон талош хоҳад кард.