Н.Саидов: Дар Тоҷикистон зарурияти гузаштан ба хати форсӣ нест
-Дар масъалаи баҳси донишмандон ва олимони тоҷик, ки мо бояд ба хати форсӣ гузарем, ман фикр мекунам, ки Тоҷикистон барои гузаштан ба хати форсӣ ягон зарурат надорад,- гуфт Нуриддин Саидов, вазири маорифи кишвар.
Ба гуфтаи Нуриддин Саидов, мамлакати мо як бор не, ду-се бор ин марҳиларо санҷида баромадааст: «Мо медонем, ки ин чӣ маъно дорад ва таҷрибаи ҳамсоя як бори дигар нишон дод, ки ягон зарурият надорад ба хати форсӣ гузаштани мамлакати мо».
Ӯ афзуд, он нафароне, ки мехоҳанд хати форсиро омӯзанд, марҳамат дар барномаи таълимии макотиби таҳсилоти умумӣ фанни «Алифбои ниёгон» мавҷуд аст ва аз он метавонанд ҳуруфи ниёгонро биомӯзанд.
Бойиси тазаккур аст, ки чанде пеш дар як маҳфили фарҳангӣ профессор Мӯсо Диноршоев, узви Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфта буд, ки ҷонибдори ба хатти форсӣ гузаштани забони тоҷикӣ мебошад: «Тоҷикон дар гузашта шоирони соҳибдевони зиёде доштанд, ки имкони тамоми асарҳои онҳоро ба хати кириллӣ гардонидан мавҷуд нест. Гузашта аз ин, дар Тоҷикистон раванди тарҷума ва баргардонии асарҳои маъруфи замонавӣ чандон роиҷ нест, аммо охирин китобҳои маъруфи Ғарб дар Эрон дар камтарин фурсат бо хати форсӣ баргардонида мешаванд».
Академик Диноршоев мӯътақид аст, ки дар сурати ба хати форсӣ гузаштан, тоҷикон имкони ба осонӣ мутолиа кардани онҳоро хоҳанд дошт. Ба қавли ӯ, хати кириллии тоҷикӣ танҳо дар Тоҷикистон лозим мешавад. Яке аз далелҳои дигари зарурати ба хатти форсӣ гузаштани забони тоҷикиро номбурда ба вожаҳое рабт дод, ки дар форсӣ бо ҳарфҳои мухталиф навишта шуда маънии гуногун доранд, аммо дар хатти кириллӣ як хел навишта мешаванд.
-Ҳамин аст, ки ҳангоми ба форсӣ баргардонидани шеърҳои шоирони мо, адабиётшиносони эрону афғон ба заъфи вазниву қофиявии онҳо ишора мекунанд-афзуд профессор.