Президенти Тоҷикистон ба Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд
Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон аз Хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд.
Дар номаи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст: «Мӯҳтарам Владимир Владимирович,
хабари ҳузнангези обхезии фоҷиавиро дар Кубан, ки боиси талафоти ҳазорҳо ҷони одамӣ ва хароботи бузург шуд, бо андўҳи гарон дарёфтам.
Мо дар Тоҷикистон ба андӯҳи халқи дӯсту бародари Русия бо сабаби ҳалокати одамон ва оқибати харобиовари офати табиӣ шарик ҳастем.
Мӯҳтарам Владимир Владимирович, аз Шумо хоҳиш менамоям, ки ҳамдардии самимии тамоми мардуми Тоҷикистон ва шахсан худамро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон ва орзуи зудтар шифоёбиро ба зарардидагон бирасонед».
Ёдрас менамоем, охири ҳафтаи гузашта бар асари обхезӣ ва селфароӣ шаҳри Кримски кишвари Кубан беш аз 150 нафар ба ҳалокат расида, манозили маскунӣ, нақлиёт ва корхонаҳои ин минтақа зери об монда буд.