Тоҷикистон ҷонибдори амният ва суботу мусолиҳа дар Афғонистон аст
Дар Ҷопон «Конфронси Токио оид ба Афғонистон» бо иштироки намояндагони 54 давлат ва 26 ташкилоти байналмилалӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷа ба Озодагон иттилоъ доданд, Тоҷикиситон низ дар ин ҳамоиш ширкат намуда, мақсади асосии нишасти мазкур таъмини дастгирии сиёсии дарозмӯҳлат ва кӯмаки молиявӣ ба Афғонистон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҷиҳати ба кишвари худкифо табдил ёфтани Афғонистон дар даҳсолаи таҳаввул (2015-2025) мебошад. Дар ин нишаст кишварҳои ҷаҳон тааҳҳудоти худро дар мавриди кӯмак ба Афғонистон таъкид намуда, рушди идоракунии давлатӣ, мубориза бар зидди фасод, таҳкими мақоми соҳибкории хусусӣ ва ширкати қишварҳои мухталифи ҷомеа, хосатан занонро ҷиҳати расидан ба сулҳу субот ва эъмори ҷомеаи демократӣ дар Афғонистон зарур шумориданд: «Дар суханронии роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомидин Зоҳидов ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Афғонистон дар самтҳои тарбияи кадрҳо, бунёди хатҳои интиқоли барқ, сохтмони пулҳо ва роҳҳо ба кишвари ҳамсоя ва саҳми Тоҷикистон дар таъмини сулҳу субот ва эҳёии иқтисодии ин кишвар таъкид гардид».
Манбаъ мегӯяд, дар анҷоми конфронс Баёнияи Конфронси Токио, ки дар он аҳамияти Панҷумин Конфронси иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон, ки дар моҳи марти соли равон дар Душанбе баргузор гардид ва лоиҳаҳои он дар соҳаи нақлиёт, савдо, энергетика ва ғайра қайд гардидааст, қабул карда шуд.