«Бозори маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон:Мушкилот ва роҳҳои ҳалли он».
Бо чунин унвон рӯзи 9-уми июн дар Душанбе ҳамойиши вижа бо ширкати коршиносону иқтисоддонҳо ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор мегардад. Тавре аз созмони ҷамъиятии «Машварати расонаӣ» ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ин нишаст дар маркази тадқиқоти стратегӣ сурат пазируфта, барои иштирок дар кори амалии он намояндагони вазоратҳои рушди иқтисоду савдо, умури хориҷа, нақлиёт ва хадамоти зиддиинҳисорӣ, гумруку кумитаи андоз, ҳамчунин ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯзишворӣ даъват шудаанд.
Интизор меравад, намояндагони сафоратҳои Русия ва Амрико низ дар мизи гирди мазкур ширкат кунанд. Чорабинӣ бо ташаббуси ТҶ «Машварати расонаӣ» ва дастгирии оҷонсии иттилоотии «Ховар» ва ҳафтаномаи «Азия Плюс» доир мешавад.