Ба Мастчоҳи Кӯҳӣ рафтан номумкин аст
Лағжиши кӯҳ дар километри 26-уми роҳи Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ (дар деҳаи Рарз) . боиси баста шудани роҳ гардидааст.
Хабарнигори маҳаллии Озодагон дар такя ба ситоди вилоятии ҳолатҳои изтирорӣ иттилоъ медиҳад, ки зимни ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд нарасидааст ва хисорот низ маълум нест.
Гуфта мешавад, ин барои аввалин бор нест, ки роҳи Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ маҳз дар ҳудуди деҳаи Рарз бар асари лағжиши кӯҳпора зери хоку гил монда, рафтуомад, хусусан, убури мошинҳоро номумкин мекунад. Соли гузашта ҳам дар ин мавзеъ лағжиши кӯҳ ҳаракати нақлиётро мутаваққиф карда буд.