257 миллион сомонӣ қарзҳои хурд ба эҳтиёҷмандон
Ин миқдор маблағ ба сокинони навоҳии дурдасти кишвар дода шудааст.
Тавре аз дафтари матбуотии Бонки Миллӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 18,4 фоиз зиёд мебошад: «Тайи панҷ моҳи соли 2012 бинобар зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба маблағҳо, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 28,6 фоиз афзоиш ёфтааст.Ҷалби бештари маблағҳои озоди аҳолӣ ва корхонаю ташкилотҳо бо мақсади пешниҳоди онҳо дар шакли қарз ба соҳаҳои мухталифи истеҳсолии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва бо ин роҳ зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ яке аз вазифаҳои муҳими ташкилотҳои қарзии кишвар ба шумор меравад».
Масъулини Бонки миллӣ мегӯянд, дар панҷ моҳаи аввали соли равон бақияи умумии қарзҳо дар муқоиса ба соли гузашта 3,2 фоиз зиёд гардид. Дар ин давра фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 19,83 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,16 фоизи солонаро ташкил намуд.