Сулҳи тоҷиконро дар Маскав низ ҷашн мегиранд
Имрўз дар меҳмонхонаи мавсум ба "Президент- отел"-и шаҳри Маскав мизи гирд бахшида ба 15- солагии имзои Созишномаи сулх ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барузор мегардад.
Тибқи иттилои расида, нишасти мазкур бо ибтикори Маркази фарҳангии "НУР" ва Институти шарқшиносии Русия сурат мепазирад. Гуфта мешавад, ба ғайр аз меҳмонон аз Тоҷикистон дар ин ҳамойиш ширкати намояндагони созмонҳои тоҷикони муқими Русия, инчунин намояндагони сафоратҳои «Гурўҳи Тамос», коршиносону донишмандон ва хабарнигорон ширкат хоханд кард.
Дар назар аст, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ҳамзамон вакили МН-и кишвар низ дар ҷаласа ҳузур пайдо кунад.
Бино ба қавли кумитаи тадорукот ин нишаст соати 17-и вақти Маскав баргузор мешавад.