Боз ҳуҷум бо табар. Ин дафъа ҳам дар Суғд
Ин бор як чунин ҳодиса дар ноҳияи Исфара ба қайд гирифта шуд.
Тавре ба хабарнигори маҳаллии Озодагон дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, чанд рӯз қабл, аз ҷониби кормандони милитсия Забуриддин Эгамови 25-сола, сокини рустои Ворух боздошт гардид. Номбурда, рӯзи панҷуми июл, соати 22-и шаб бо табар мусаллаҳ шуда, бо нияти куштани ҳамсараш- Мижгона Эгамоваи 20-сола ба хонаи модари ӯ меравад.
Манбаъ афзуд, Эгамов ба хонаи хоби ҳамсараш ворид шуда, бо табар ба фарқи сари Манижа ду маротиба мезанад. Аз ин ҳодиса модари Манижа, Муҳаррама Кенҷаева огоҳ шуда, ба наҷоти духтараш мешитобад. Домод аз ин дар ғазаб шуда, ба хушдоман ҳам дармеафтад ва ӯро аз дасташ захмӣ мекунад.
Дар натиҷа, духтар ва модар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона мунтақил шудаанд. Тафтишоти қазия бошад, идома дорад.