Бозор баъди 20 сол. Дар ҷануби Тоҷикистон
Дар ноҳияи Темурмалик бозори нав ба фаъолият огоз намуд.
Ба гуфтаи масъулин аз ҳукумати ин ноҳия, дар қаламрави он (дар ҷамоатҳо) то имрӯз ду бозор фаъолият дошт. Ҳамакнун, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар маркази ноҳия бозори нав сохта ба истифода дода шуд.
-Дар марҳилаи аввал барои ҷалби харидорон ва деҳқонони ноҳия, маҳсулотро аз ҳисоби муассисаи матлубот таъмин намудем. Дар оянда, умед ба деҳқонону соҳибкорони худӣ аст, то бозорро таъмин карда тавонанд,- мегӯяд Мирзохон Сангов, ичрокунандаи вазифаи раиси ноҳия. Кушодашавии бозори нав, ки дар майдони 2 гектар ҷо гирифтааст, бо пуррагӣ талаботи сокинони ноҳияро бароварда мекунад.
Ба гуфтаи раиси ноҳия, дар ҳоли ҳозир барои бозор танҳо як мушкил аст, нарасидани об: "Дар ин маврид бо Корхонаи фаръии ҷумхурӣ ба мувофика омадаем. Бо маблағгузории ин корхона рӯзҳои наздик аз масофаи наздик ба 1км аз рӯди Сурхоб об меорем».