Оғози конфронсҳои матбуотӣ барои журналистон
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ин рӯйхат дар ҷои аввал буда, нишасти навбатиро оғоз менамояд.
Маврид ба ёдоварист, конфронсҳои матбуотии вазорату кумита ва хадамоту ниҳодҳои дигари ҳокимияти маҳаллии худидоракунӣ бо амри президенти Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 ба шакли дигар баргузор мегарданд. То он вақт агар сохторҳои давлатӣ дар се моҳ як маротиба нишасти матбуотӣ барои хабарнигорон меоростанд, ҳоло он дар ним сол барои як бор баргузор мешавад.
Ҳамин тавр, имрӯз ба ҷуз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати маориф ва Шӯрои адлия низ ҳисоботи шашмоҳа ироа менамоянд.