Муҳоҷирон ва амнияти онҳо зери назорат аст
Тайи як соли равон ҳудуди 795 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон аз ҳама гуна нақлиёти мусофиркашонӣ истифода карда, ба хориҷа рафта баргаштаанд.
Дар ин бора зимни баргузории як мизи гирд дар Душанбе иброз гардид. Ин ҳамойиш, ки дар маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим сурат пазируфт, оид ба равуо, амният ва саломатии муҳоҷирони кори Тоҷикистон иртибот дошт.Қайд гардид, ки ҷиҳати ҷилавгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва саривақт расонидани иттилоъ оид ба қонунҳои ҷоригаштаи кишвари сафар, масъулини сохторҳои марбутаи мамлакат дар вокзалҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо ва дохили қатораву тайёраҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд. Дар ҳамоиш мутахассисон таъкид доштанд, ки ҳукумати Тоҷикистон барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишвар, ки феълан дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, тасмиму тарҳҳои вижаро амалӣ мегардонад.