БИР дар Тоҷикистон камбизоатиро аз байн мебарад?
Лоиҳаи рушди таҳсилоти касбӣ-техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ин тарҳ зимни мулоқоти Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки исломии рушд муҳокима гардид.
Тавре ба Озодагон аз кумитаи мазкур иттилоъ доданд, дар ин мулоқот намояндагони Бонки исломии рушд Абдумаҷид Моалин Абдуллаҳӣ, Умар Муҳаммад, мутахассиси лоиҳаҳои БИР ва Нуплан Самбиев аз дафтари минтақавии ин ниҳод дар Алмато ширкат доштанд.
Манбаъ афзуд, Давлаталӣ Саидов дар ин нишаст гуфт, ки рушди нерўи инсонӣ тавассути баланд намудани дараҷаи таҳсилоти касбии онҳо, яке аз масъалаҳои муҳими ҳукумати мамлакат мебошад, ки барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд намудани сатҳи зиндагии мардуми кишварамон нигаронида шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот тарафҳо ҷиҳати ҳамкории муштарак изҳори омодагӣ баён намуда, таъмини вохўрии навбатиро барои баррасӣ ва тасдиқи натиҷаҳои масъалаҳои гузошташуда иброз карданд.