Тақвими баромади тими Тоҷикистон дар бозиҳои олимпии Лондон-2012
Варзишгарони тоҷик дар асоси тақвими чорабиниҳои варзишӣ дар Бозиҳои ХХХ-юми олимпии Лондон рӯзҳои зерин баромад менамоянд:
28-уми июл, шанбе;
Анвар Юнусов, боксчӣ дар вазни 56 кг
Собирҷон Назаров, боксчӣ дар вазни 75 кг
30-юми июл, душанбе;
Расул Боқиев, дзюдочӣ дар вазни -73 кг
Ҷаҳон Қурбонов, боксчӣ дар вазни -81 кг
1-уми август, чоршанбе;
Парвиз Собиров, дзюдочӣ дар вазни -91 кг
Катерина Измайлова, шиноварӣ
3-юми август, ҷумъа;
Дилшод Назаров, гурзпартоӣ
Владислава Овчаренко-давидан
5-уми август, якшанбе;
Мавзуна Чориева,боксчӣ дар вазни 60 кг
10-11-уми август ҷумъа, шанбе;
Алишер Гулов, таэквондо-WTF
Фарҳод Неъматов, таэквондо- WTF
Николай Ноев, гӯштини тарзи озод дар вазни 55 кг
Юсуф Абдусаломов,гӯштини тарзи озод дар вазни 84 кг
12-уми август, якшанбе;
Зелимхон Юсуфов, гӯштини тарзи озод дар вазни 66 кг
Искандари Рустам, гӯштини тарзи озод дар вазни 96 кг.
Ин дар ҳолест, ки, 24-уми феврали соли равон Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон барои бо мукофоти пулӣ сарфароз гардондани варзишгарони тоҷик, ки дар бозиҳои 30 - юми олимпии Лондон - 2012 ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол менамоянд, қарор имзо намуд.
Тибқи он барои ҳар як барандаи медали тилло 300 ҳазор, медали нуқра 250 ҳазор ва биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.