Се нафар ҳангоми оббозӣ дар дарёи Сир ғарқ шуданд
Ҳомидҷон Турсунбоеви 18 сола, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳангоми оббозӣ дар дарёи Сир ғарќ шуд ва ба ҳалокат расид.
Тавре Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ бахабаргузории Озодагон иттилоъ дод, рӯзи гузашта, 5-уми июл, соати 14:30 дар дарёи Сир, наздики комплекси савдои «Хуҷанд» аснои оббозӣ 3 нафар шаҳрванди ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ҳолати ғарқшавӣ дучор шуданд. Дар натиҷа 2 нафари ғарқшудагон, Бобоҷон Холиқови 15 сола ва Умедҷон Турсунови 18 сола, сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов аз тарафи наҷотдиҳандагони шаҳри Хуҷанд наҷот ёфта, 1-нафари дигар, Ҳомидҷон Турсунбоеви 18 сола ба ҳалокат расид. Ҷасади ҳалокшуда аз тарафи наҷотдиҳандагон аз об бароварда ба мақомотҳои дахлдор супорида шудааст.
Ориф Нозимов илова намуд, ки худи ҳамон рӯз, соати 13:10 сокини шаҳри Хоруғ Шоин Қосимови 5 сола ҳангоми оббозӣ дар кӯли Чорбоғи шаҳри Хоруғ ғарқ шуда, аз тарафи наҷотдиҳандагони ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят наҷот дода шуд.