Мактаби тобистона-«Ирам-2012» барои кӯдакону наврасон дарашро мекушояд
Аз 8 то 21 июли соли равон бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо ҳамкории Вазорати маорифи Тоҷикистону ҳукумати вилояти Суғд «Мактаби тобистонаи инклюзивии «Ирам-2012» баргузор мегардад.
Ҳадафи асосии баргузории Мактаби тобистонаи инклюзивӣ- ин мусоидат ба ҳамгироии иҷтимоии наврасону ҷавонони имконияташон маҳдуд дар ҷомеа, таъсиси муҳити дастрас, шароити истироҳати тобистона, омӯзиш ва иштироки фаъолона дар семинарҳои таҳсилотӣ, сабқатҳои мубоҳисавӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва таъсиси шабеҳи модели давлати демократӣ мебошад.
Тибқи иттилои расида, дар лагер 80 нафар наврасону ҷавонони аз 14 то 20-солаи ҳамаи манотиқи кишвар, ки аз онҳо 30 нафарашон имконияти маҳдуд доранд, иштирок мекунанд. Ҳамчунин дар кори лагер иштироки 20 нафар ташкилотчӣ- мураббиён, мутахассисони машваратгоҳи равониву тиббӣ ва педагогӣ, волидон ва ихтиёриён аз созмонҳои ҳамшарик дар назар аст. Мактаби тобистона имкон медиҳад, ки сифатҳои роҳбарӣ, тавоноӣ ва амалӣ кардани онҳо, зуҳур карда, тафаккури интиқодии ҷавонон рушд ёбад. Иҷтимоъгардонӣ яке аз ҷузъҳои муҳим ба шумор меравад, зеро иштироки баробари ҷавонон дар чорабиниҳо новобаста ба имконияту тавоноӣ асоси рушд ва худшиносӣ дар ҳаёти ҳаррӯза мебошад.