«Ислом ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон».Таҳти чунин унвон китоби сеюми ҷомеашинос, номзади улуми сиёсатшиносӣ Абдуллоҳи Раҳнамо дар Душанбе ба нашр расид.
Ба ин муносибат имрӯз дар маркази тадқиқоти стратегӣ муаррифии ин асар бо иштироки муаллиф, донишмандони соҳа ва намояндагони ВАО сурат пазируфт. Дар ин китоби тозаэҷод масъалаи муносибати омили динӣ ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон аз ҷанбаҳои гуногун омӯхта шуда, муаллиф роҳҳо ва пешниҳодҳои мушаххасеро дар мавриди таҳкими амнияти миллии кишвар матраҳ намудааст. Зимни ин нишаст аз ҷониби бархе аз иштирокчиён таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати рафъи камбудӣ ва навоқиси илмии ин асар баён гардид. Абдуллоҳи Роҳнамо, дар поёни маҳфил гуфт, амнияти миллӣ дар Тоҷикистон бе ширкати ислом таъмин намегардад ва ислом ҳам бе амнияти миллӣ дуруст ба роҳ монда намешавад. Ба қавли ӯ ин китоб баъди таҳрири Сайфулло Сафаров, Қурбонбой Бобоев, академик Диноршоев, Муҳаммадҷон Умаров бо теъдоди 300- нусхаи санҷишӣ ба нашр расидааст.{jathumbnail off}