Бонки алоқаи Русия дар Тоҷикистон намояндагиашро ифтитоҳ мекунад
Андрей Григорович, намояндаи ин ниҳоди молии ФР зимни мулоқоташ бо Сафиалло Девонаев, садори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, онҳо тасмим доранд, дар моҳҳои наздик лоиҳаи Харитаи ягонаро оид ба интиқоли маблағҳо таҳия намоянд.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷират ба Озодагон иттилоъ доданд, тарҳи мазкур дар оянда метавонад ҷиҳати хариди билет (чипта), телефон ва дигар намуди хизматрасониҳо ба муҳоҷирин кӯмак намояд.
Зимни ин дидор дар бораи ифтитоҳи намояндагии бонки мазкур дар Тоҷикистон низ ишора гардид. Намояндаи бонки алоқа оид ба мулоқоту дидорҳояш бо бархе аз роҳбарони бонкҳои Тоҷикистон ибрози назар намуда, ҳадаф ва мақсади худро ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар заминаи интиқоли маблағҳо тавассути бонки мазкур изҳор дошт: «Мо имрӯз қадамҳои хурдро барои ҳадафҳои бузург мегузорем».
Сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар навбати худ доир ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди самарабахш бо Хадамоти муҳоҷирати Федератсияи Русия ва робитаҳои дуҷониба изҳори андеша карда, дар бораи таҳсилот ва омӯзиши муҳоҷирон, омӯзиши забони русӣ, англисӣ дар Маркази таълими муҳоҷирон мароқ зоҳир намуд.
Ҳамзамон Сафиалло Девонаев пешниҳод кард, ки беҳтар мебуд агар бинои мазкур тавассути Бонки алоқаи Федератсияи Русия аз нав таҷдид гардида, ҳамкориҳо дар ин самт вусъати тоза касб мекарданд. Ҷонибҳо омодагии худро баҳри таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар заминаи интиқоли маблағҳо баён доштанд.