Мушкили замин барои манзилсозӣ дар Кӯлоб
Дар ҷамоати деҳоти Зиракии ноҳияи Кӯлоб қитъаҳои замин барои бунёди манзили зист ҳанӯз ба пуррагӣ тақсим карда нашудаанд.
Саъбагул Валиева, раиси ҷамоати мазкур ба хабарнигори маҳаллии Озодагон гуфт, сабаби асосӣ дар мавзеи хатарзо қарор доштани заминҳои аз ҷониби кумитаи заминсозии ҳукумати шаҳр ҷудогардида мебошад: «Қисмати зиёди заминҳои барои сохтмони манзили зист ҷудошуда дар саргаҳи фаромадани сел қарор доранд. Ин заминҳо дар рӯ ба рӯ ва ё қатори сойҳои обпартов, ки ҳамасола барои сокинон хатар эҷод мекунад, ҷой доранд. Аз ин хотир, ба ҳукумати шаҳри Кӯлоб муроҷиат кардем, ки ҳолатро ба пуррагӣ омӯхта, иҷозаи тақсимоти замин диҳанд. Бо супориши раиси шаҳр бояд як гурӯҳи корӣ бо намояндагони ситоди ҳолатҳои фавқуллода вазъиятро санҷида хулосабарорӣ намоянд».
Ба гуфтаи хонум Валиева, эҳтиёҷмандон барои сохтмони манзил дар ҷамоат хеле зиёданд, вале ҳамин вазъият садди амалӣ гаштани ин омил аст.