Рӯзи маъюбон дар Суғд таҷлил мегардад
Бо мақсади ҳифзи иҷтимоию маънавӣ қарори раиси вилоят «Дар бораи таҷлил намудани Рӯзи маъюбон» аз 30 июни соли равон ба тасвиб расид.
Дар асоси қарори мазкур дар миқёси вилоят «Рӯзи маъюбон» санаи 8 июли соли 2012 таҷлил карда мешавад. Ҳайати кумитаи тадорукот таҳти раёсати муовини раиси вилоят Ҷ,Норинов нақшаи чорабиниҳо ва харҷномаи таҷлили «Рӯзи маъюбон»-ро ба маблағи 30 000 сомонӣ тасдиқ карда шуданд.
Раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони корхонаҳо, ташкилот ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидориашон вазифадор карда шуданд, ки бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда маъюбонро бо ғамхории ҳамаҷонибаи моддӣ ва маънавӣ фаро гиранд. Сарраёсати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят бо мақсади ҳамоҳангсозии чорабиниҳои аёдати маъюбон, дастгирии моддии онҳо, ташкили дастурхони хайрия дар хона -интернатҳо ва марказьо барои маъюбон ва пиронсолони шаҳру ноҳияҳои вилоят тадбирҳои зарурӣ меандешанд.